Дар қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Қалъаи Хумб – Ванҷ» сохтмони роҳ тибқи нақша идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Қалъаи Хумб – Ванҷ» — шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе – Кулма» босуръат идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қитъаи таҷдидшавандаи роҳи «Қалъаи Хумб – Ванҷ» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бориши рӯзҳои аввали моҳи январ ва резиши рег кори сохтмончиёнро дар портали дуюми нақби дуюм (дарвозаи сохторӣ аз сангу бетон) каме мушкил гардонид.
Корҳои дигар тибқи нақша идома доранд. Роҳсозон барои дар оянда рух надодани резиши сангу рег, ки метавонад боиси вайроншавӣ ва басташавии роҳ гардад, баландиҳои кӯҳиро ҳамвор мекунанд.
Барои сари вақт ва босифат ба итмом расонидани корҳои сохтмону бастабандӣ коргарон ва мутахассисон вазифадор карда шуданд.
Корҳои таҷдиду навсозии қитъаи «Дарвоз –Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» — и роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе – Кулма» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардиданд. Қаблан ин қитъаи 107-километраро ронандагон бо сабаби омадани сел ва сангрезӣ бо мушкилоти зиёд тай мекарданд. Дар лоиҳаи қитъаи таҷдидшаванда, ки аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти мамлакат иҷро шудааст, ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шудаанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






