Дар натиҷаи таркиш дар Покистон 4 нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиши автобуси мусофирбар, ки дар вилояти Балуҷистон- дар ҷанубу ғарби Покистон рух дод, чаҳор нафар ҳалок ва 32 нафар захмӣ шуданд. Дар ин хусус хабаргузории «Синхуа» бо такя ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои пешакӣ, корвоне, ки автобуси мусофирбар дар ҳайати он ҳаракат мекард, мавриди ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтааст.
Ба ҷои ҳодиса теъдоди зиёди пулис ва неруҳои амниятӣ равона карда шуданд. Дар айни замон тафтиши пурраи таркиш идома дорад.
Зарардидагон ба бемористон интиқол ёфта, вазъи панҷ нафари онҳо вазнин аст.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






