Дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе нишасти нахустини маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи маҳфил Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки асари безаволи «Шоҳнома»-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навишта, ин асар бузургтарин шоҳасари ҷаҳон дониста мешавад. Идеяи асар даъвати халқ ба якдилӣ, тарғиби некӣ ба аҳли меҳнат ва омӯхтани илму ҳунар мебошад.
«Шуҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамонӣ шуҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» оид ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некию накӯкорӣ, ростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он таъкидҳои зиёд намудааст. Ба ақидаи шоир, некию накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ӯ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонӣ аст», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Иброз гардид, ки маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар пайи татбиқи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ташкил шуда, ҳадафи он огоҳии ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш мебошад.
Аъзои маҳфил аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе интихоб шуда, моҳе 2 маротиба достонҳои ин шоҳасари миллиро баррасӣ мекунанд.
Маҳфили Шоҳномахонӣ» дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ таъсис дода мешавад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






