Дар ноҳияи Рашт оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаи маориф вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунёди 39 иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст. Соли 2024 дар назди 10 муассисаи таълимии ноҳия бинои нави иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Имсол ҳам бо мақсади рушди соҳаи маориф ба масъалаи бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин хусус 6 январ зимни вохӯрии раиси ноҳияи Рашт бо кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кумитаи волидайни муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд, дар вохӯрӣ нахуст мудири шуъбаи маориф оид ба дастовард ва камбудиҳои соҳа дар соли 2024 ҳисобот дод.
Раиси ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 баён гардиданд, расонида, аз ҷумла андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати бартараф намудани масъалаи нарасидани ҷойи нишаст, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, навсозӣ ва бунёди кӯдакистонҳо, мактабҳои замонавӣ ва синфхонаҳои иловагиро таъкид кард.
Сипас падару модарон ва омӯзгорони ноҳия оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи маориф ибрози андеша намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат баён карданд.
Нотиқон аз дастовардҳои беназири соҳаи маорифи ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, ин ҳамара аз натиҷаи амалишавии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар ин минтақаи қӯҳистони мамлакат арзёбӣ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






