Дар ноҳияи Рашт оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаи маориф вохӯрӣ доир шуд

Январь 7, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунёди 39 иншоот дар соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст.  Соли 2024 дар назди 10 муассисаи таълимии ноҳия  бинои нави иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Имсол ҳам  бо мақсади рушди соҳаи маориф ба масъалаи бунёду  навсозии муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин хусус 6 январ зимни вохӯрии раиси ноҳияи Рашт  бо кормандони  шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва  кумитаи волидайни муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд, дар вохӯрӣ нахуст мудири шуъбаи маориф оид ба дастовард ва камбудиҳои соҳа дар соли 2024 ҳисобот дод.

Раиси ноҳия ба масъулин  дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 баён гардиданд, расонида, аз ҷумла андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати бартараф намудани масъалаи  нарасидани ҷойи нишаст, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, навсозӣ ва бунёди кӯдакистонҳо,  мактабҳои замонавӣ ва синфхонаҳои иловагиро  таъкид кард.

Сипас падару модарон ва омӯзгорони ноҳия оид ба  дастуру ҳидоятҳои  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди  соҳаи маориф  ибрози андеша намуда, ҷонибдории худро аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат баён карданд.

Нотиқон аз дастовардҳои беназири соҳаи маорифи  ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, ин ҳамара аз натиҷаи амалишавии  сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар ин минтақаи қӯҳистони мамлакат арзёбӣ намуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Январь 7, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намоиши ҷойи холии кор баргузор гардид
ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тавассути он масъалаи об ба самти калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 231 синфхона барои 5544 хонанда дар як баст бунёд карда мешавад
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳӣ ва рушди саноат саҳми назаррас дорад
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид