Дар ноҳияи Рашт соҳили дарёи Сурхобро мустаҳкам карданд

Январь 12, 2025 10:18

РАШТ, 12.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби баланд шудани сатҳи оби дарёи Сурхоб солҳои 2024-2025 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт  таҳдиди шусташавии шоҳроҳи байналмилалӣ дар километрҳои 174-175-уми шоҳроҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт, сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба амал омад. Бо дастгирии дирексияи сохтмонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳудуди роҳи байналмилалӣ    800 метр соҳил мустаҳкам карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини  Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои минтақаи Рашт  иттилоъ доданд.

Километри 250-уми шоҳроҳи байналмилалӣ дар ноҳияи Лахш, ки  соли 2024 дар натиҷаи омадани сели азим дар тобистон шуста шуда, барои рафтуомади сокинон роҳи  яктарафа ташкил шуда буд, аз ҳисоби маблағҳои Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистон таъмир ва дар масофаи як километр васеъ гардид.

Мувофиқи  нақшаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол бояд дар километри 201-уми шоҳроҳи байналмилалии ноҳияи Тоҷикобод корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дар километрҳои  250, 251, 253 ва 255-уми роҳи ноҳияи Лахш корҳои барқарорсозии қитъаҳои роҳи байналмилалӣ амалӣ гарданд.

Бояд гуфт, ки барои дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ техникаҳои муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияҳои минтақаи Рашт дар сохтмон, соҳилмустаҳкамкунӣ ва зимни бартараф сохтани зарари офатҳои табиӣ пурра истифода бурда мешаванд.

Мустаҳкамкунии соҳилҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба хотири ҳифзи роҳи байналмилалӣ ва аз байн нарафтани ин роҳҳо аз зарари селҳои азими дарёи Сурхоб амалӣ мегардад. Соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳое гузаронида мешавад, ки дарёи Сурхоб ба роҳи байналмилалӣ наздик буда, метавонад ба он  зарар расонад.

Агар  Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи заминҳои корами обӣ ва дигар намуди заминҳои назди дарёи Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкуниро сари вақт анҷом диҳанд, шоҳроҳи байналмилалӣ аз шусташавӣ эмин мемонад ва садҳо гектар замини корами обӣ ва дигар намуди заминҳои деҳаҳои наздисоҳилӣ  ҳифз мегарданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2025 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон