Дар шаҳри Банфи Канада чорабинии сатҳи баланд оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Банфи Канада чорабинии сатҳи баланд оид ба таҷлили оғози Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он паёми маҷозии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат пешниҳод шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, чорабинӣ аз тарафи Донишкадаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба об, муҳити зист ва тандурустӣ ва дар ҳамкорӣ бо барномаи Ташаббуси Канада оид ба дастгирии Соли байналмилалии пиряхҳо, Осорхонаи кӯҳҳои Рокки ба номи Уайт ва ташкилоти таҳқиқотии «Посдории пиряхҳо» баргузор карда шуд. Дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон ба зарурати андешидани тадбирҳои фаврӣ дар робита ба обшавии босуръати пиряхҳо дар саросари ҷаҳон таъкид карда, бо ишора ба маълумоти гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ аз таъсирҳои харобиовари аз даст додани пиряхҳо дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла Ҳимолой, Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Канада ёдрас шуд.
Инчунин таваҷҷуҳи иштирокдорон ба нақши Тоҷикистон дар раванди қабул ва татбиқи қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Даҳсолаи илмҳои криосферӣ барои солҳои 2025–2034 ҷалб гардида, барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи 2025, Душанбе) даъват шуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар анҷоми суханронӣ аз иштирокдорон даъват намуд, ки раванди татбиқи ташаббусҳоро дастгирӣ намоянд ва барои талошҳои муштарак дар ҳифзи пиряхҳо ба хотири наслҳои оянда саҳми арзанда гузоранд.
Дар ҳошияи таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо намоишгоҳҳои бошукуҳи аксҳо баргузор гардиданд. Тавассути онҳо зебоии пиряхҳо ва табдили нигаронкунандаи онҳо, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд, намоиш дода шуд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид










Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






