Дар шаҳри Душанбе маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили шеъру адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд. Баргузории ин маҳфил робитаҳои фарҳангии давлатҳоро густариш дода, боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Дар маҳфил шоирону нависандагон ва намояндагони аҳли фарҳанги ду давлат- Тоҷикистон ва Эрон иштирок намуданд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ду мамлакати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию мероси муштарак мебошанд.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ изҳор намуд, ки Тоҷикистон ва Эрон бо мутафаккирони илму адаби оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Ин фарҳангу таърихи бойи ду миллат то имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.
Таъкид гардид, ки робитаҳои фарҳангию маърифатӣ омили муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд 3-9 октябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд. Ҳамчунин аз 30 октябр то 6 ноябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар назар аст, ки имрӯз меҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Ҳамзамон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати меҳмонон Пажуҳишгоҳи форсӣ-тоҷикӣ ифтитоҳ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали VII байналмилалии «Дарвозаҳои ғарб» соҳиби Шоҳҷоиза шуд
Директори АМИТ «Ховар» дар Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Имрӯз дар Бишкек Форуми воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Данғара бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ доир шуд
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Данғара, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич дар Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Хуросон доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар шаҳри Душанбе пуршукуҳ баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Айнӣ, Хуросон ва Деваштич баргузор мегарданд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид






