Дар шаҳри Хоруғ Моҳвораи маҳфилҳои зеҳнию маърифатӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ оғоз ёфт
ХОРУҒ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 январ то 23 феврал бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ Моҳвораи маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор мегардад. Ба ин муносибат бо ибтикори Ташкилоти мададгори мудофиаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Муовини сардори бошгоҳи варзишию техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Мирзоқандов изҳор намуд, ки «ҳадафи асосии ин моҳвора дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасон ва такмил додани дониши назариявӣ ва амалии онҳо доир ба масъалаҳои низомӣ мебошад. Зеро ояндаи наздик ҷавонон ба хизмати Ватан раҳсипор мегарданд ва агар ҷисману руҳан солиму тануманд ва бо силоҳу техникаи ҳарбӣ шинос бошанд, хизматро бе душворӣ пушти сар мекунанд».
Муовини раиси Ташкилоти мададгори мудофиаи назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Назиров баён дошт, ки «Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату мулоқот бо кормандони соҳаи маориф бо ишора ба тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон таъкид менамоянд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Дар доираи ин моҳвора дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои гуногуни зеҳнию маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишию ҳарбӣ оғоз гардида, дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишию ҳарбӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад






