Дар шаҳри Турсунзода иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ таҷлил гардид

Январь 27, 2025 15:50

ТУРСУНЗОДА, 27.01.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Турсунзода иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ҷашнгоҳ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, таомҳои миллӣ, порчаҳои атласу адрас, матоъҳои зардӯзӣ, гулдӯзӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ  ва техникаҳои кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Турсунзода  иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад масъулини шаҳр  изҳор доштанд, ки ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ бо фарҳанги куҳанбунёд саҳми муассир дорад. Боиси сарфарозӣ аст, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат намудаанд, аз нав эҳё гардида, аз тарафи ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ-Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ба таври хосса мебошад.

Дар намоишгоҳи идона инчунин маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ ва дигар дастовардҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода пешниҳоди сокинон гардонида шуданд.

Мардум бо руҳияи баланди идона ҷашни Садаро истиқбол гирифтанд, то ин ҷашни ориёӣ ба рушди боғдорию токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ дар Ватан мусоидат намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 27, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар