Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон дар доираи имконоти молиявии мамлакат 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шуд. Дар ин хусус 10 январ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 иттилоъ дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар мегардад. Маҳз бо дастгирии Президенти Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати омӯзгорон 30 фоиз зиёд мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 иброз намуданд, ки «имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ мешавад, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсил мусоидат менамоянд».
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз намуд, ки дар баробари ҳама дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст барои рушди маорифи миллӣ аз тамоми имконияти дар ихтиёрбуда истифода барем ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ содиқ бошем.
Иброз гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бартарӣ ва афзалият додан ба соҳаи маориф, бешубҳа, воситаи муҳими расидан ба ҳадафҳо ва амалӣ намудани нақшаҳои стратегии давлат мебошад. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки бартарият додан ба соҳаи маориф ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






