Дар соли 2024 Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» Кӯлоб беҳтарин шаҳр дар вилояти Хатлон дониста шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, 13 январ озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» ҷамъбаст гардид. Ғолибони ҷойи якум бо 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 6 000 сомонӣ, ҷойи сеюм бо 3 000 сомонӣ мукофотпулӣ ва Диплому Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» ҷойи дуюм ба шаҳри Норак ва шаҳри Бохтар дода шуд. Дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ҷойи якумро ноҳияи Данғара, ҷайи дуюмро ноҳияи Ёвон ва ҷойи сеюмро ноҳияи Кӯшониён ба даст оварданд.
Инчунин дар номинатсияи «Шаҳраки беҳтарин» ҷойи якумро Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг, дар номинатсияи «Ҷамоати деҳоти беҳтарин» ҷойи якумро Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи якумро маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар, дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» ҷойи якумро деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон ва дар номинатсияи «Беҳтарин хонаи истиқоматӣ» ҷойи якумро хонаи сокини Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён Хушвахттош Заиралиев соҳиб гардиданд.
Ҳадафи озмуни вилоятӣ аз сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ободонӣ ва самаранок истифода бурдани замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, гиромидошти арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ иборат буд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






