Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ифтитоҳи ин марказро дар самти омӯзиши илмии пиряхҳо, таҳқиқоти тағйирёбии иқлим, баррасии таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, иқтисодиёт ва ҷомеа, омода намудани мутахассисони соҳа дар самти пиряхшиносӣ ва экологияи иқлим судманд унвон намуданд.
Марказ аз рӯйи самтҳои гуногун фаъолият намуда, дар доираи он таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим гузаронида шуда, таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Ҳамзамон дар мавзуъҳои марбут ба иқлим ва пиряхҳо машварат, тренинг ва конфронсҳо ташкил карда мешаванд.
Таъсиси чунин марказ қадами муҳим дар самти ҳифзи табиати мамлакат ва рушди илмҳои экологияю иқлимшиносӣ, тавсеаи ҷараёни илмӣ – таҳқиқотии мушкилоти геоэкологӣ, аз ҷумла обшавии пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигаргуншавии экосистемаҳои табиӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд
Масъалаи ҷалби мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ба барномаи JISPA баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои саҳроӣ ва таъмини оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Барномаи стипендияи Ҷопон дар рушди иқтидори касбии хизматчиёни давлатӣ муаррифӣ шуд
Дар Тошканд дар доираи Барномаи назорати мусофирон ва боркашонӣ вохӯрии солонаи байниминтақавии сатҳи баланд баргузор шуд
САНОАТ — МУҲАРРИКИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ. Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо эътимоди комил, суботи сиёсӣ ва сиёсати равшани саноатӣ истиқбол менамояд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон истихроҷи намаки ошӣ беш аз 1 фоиз кам гардидааст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон кишти зироат идома дорад
«Амонатбонк» иқдоми «Файзи Истиқлол-35»-ро пешниҳод намуд
Дар Душанбе «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030» муаррифӣ гардид






