Дар тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ насби POS-терминалҳои нав ба нақша гирифта шудааст

Январь 8, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ насби POS-терминалҳои нав ба нақша гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова бар ин дар пойтахт истифодаи аввалин микроавтобусҳои «Foton Toano» оғоз ёфт. Ин автобусҳо барои 17 мусофир пешбинӣ ва бо батареяи 80-киловаттӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки метавонанд тақрибан 350 километрро бо як заряд тай кунанд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 бобати зиёд намудани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҳаҷми на камтар аз 1000 мегаватт, яъне бо истифода аз захираҳои офтобӣ ва бодӣ тадбирҳои амалӣ андешидан зарур аст.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки бо татбиқи ин тадбирҳо то соли 2032 истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» (ҳоло 98 фоиз) таъмин гардида, дар ин замина тибқи стандартҳои байналмилалӣ то соли 2037 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳадди ақалл расонида мешавад.

«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешқадами ҷаҳон оид ба рушди иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад», —  изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат ҳамчунин борҳо таъкид намудаанд, ки бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ  аз пардохтҳои андозу гумрукӣ бояд пурра озод карда шавад. Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат барои тадриҷан ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ дар истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат тадбирҳо меандешад.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 8, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд