Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад

Январь 15, 2025 08:28

ДУШАНБЕ, 15.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз ҷониби табибони гӯшу гулӯ ва бинӣ барои шахсони камшунавои дараҷаи баланд ва шахсони ношунавои мутлақ ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад. Ин яке аз усулҳои ҷарроҳии муосир мебошад, ки давоми як сол аст дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ин ҷарроҳӣ дар амал татбиқ шуда, шунавоии ҳама нафарони ҷарроҳишуда барқарор шуда, нутқ ва гуфторашон марҳила ба марҳила барқарор мегардад.

Агар шахси камшунаво ва ношунавои мутлақ ҳарчи зудтар муроҷиат кунад, ҳамон қадар табобати бемор осонтар мешавад.

Барои ташхис ва табобати ин гуна бемориҳо имрӯз дар тамоми таваллудхонаҳои мамлакат дастгоҳҳое, ки ношунавоӣ ва камшунавоиро муайян мекунанд, вуҷуд доранд. Инчунин дар утоқҳои махсусгардонидаи аудиологӣ дастгоҳҳо ва мутахассисоне ҳастанд, ки ин гуна ташхисҳоро муайян менамоянд.

 АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2025 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад