Дар Тоҷикистон назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн пурзӯр мегардад
ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли 2025 дар Тоҷикистон назорати ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо пурзӯр карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Барои ин ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он ронандагон вазифадор гардидаанд, ки бо талаби шахси масъул аз санҷиши вазну андоза гузаранд. Дар ҳолати риоя накардани меъёрҳои боркунӣ дар нақлиёти автомобилӣ фиристонандагони бор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Дар бораи зарурати риояи ин меъёрҳо дар моддаи 52 («Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо бор ва андозаи аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд»)-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» низ таъкид гардидааст.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки соҳаи роҳро танзим мекунанд, барои истифодаи оқилона ва самараноки роҳҳои автомобилгард такмил дода шудаанд. Ҳама истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард вазифадор ҳастанд, ки меъёрҳои муқарраргардидаро риоя намоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид гардидааст: «Дар баробари сохтмон ва ба истифода додани роҳҳои автомобилгард тартиби истифодаи самараноки онҳо ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои сохташуда яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин ҷорӣ кардани механизми назорати рақамӣ ба ҳаракати нақлиёти боркаш хеле муҳим мебошад».
АКС аз манбаъҳои боз








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






