Дар Туркия сардии ҳаво то 33 дараҷа расидааст
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Анадолуи Шарқӣ (Туркия) бо оғози соли нав ба давраи сардиҳои ғайримуқаррарӣ ворид шуд. Дар ин хусус агентии AЗЕРТАҶ хабар медиҳад.
Шаби 4 январ ақрабаки ҳароратсанҷҳо дар ноҳияи Текмани вилояти Эрзурум то ба ҳадди сардии рекордии 33 дараҷа паст фаромад.
Саридораи обуҳавошиносии Туркия деҳаи Гаҷиомери Эрзурумро сардтарин нуқтаи кишвар дар шабонарӯзи охир эълон намуд.
Дарёҳо ва кӯлҳо аз сармо ях баста буданд. Мақомот ба аҳолии маҳаллӣ тавсия доданд, ки бе зарурат хонаҳои худро тарк накунанд ва берун набароянд.
Дар ноҳияи Геле дар вилояти Ардахан ҳаво 28,8 дараҷа сард, дар ноҳияи Чайрли дар Эрзинҷон — 27,8 дараҷа хунук, дар ноҳияи Чалдирон дар Ван — 26,6 дараҷа сард ва дар Сариқамиш (Карс) — 22,1 дараҷа хунукӣ сабт шудааст.
Сардиҳои шадид дар минтақаҳои шарқии Туркия то 8 январ идома меёбанд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






