Дар Женева таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷоя бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ЮНЕСКО оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳамоиш оид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш дурнамо барои соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қабул гардида буд, баррасӣ шуд.
Ҳамзамон баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо: мушкилот ва имконот» аз ҷониби ҳамраисони Шурои машваратӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.
Дар ҳамоиш муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ хонум Ко Баррет ва ёвари Директори генералии ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиатшиносӣ хонум Лидия Артур Брито сухан намуданд.
Инчунин ҷонибҳои манфиатдор захираҳо, воситаҳо ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои обшавии пиряхҳо, идоракунӣ ва мониторинги захираҳои об, хатарҳои марбут ба об ва ғайраро дар асоси уҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






