ДАРАХТ БИНШОН! Аз моҳи январ то март дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст

Январь 7, 2025 08:58

ДУШАНБЕ, 07.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад. Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, амалӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Инчунин баргузории ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки “Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040”-ро қабул ва амалӣ намоянд.

Таъмин намудани зиндагии осудаву босаодати наслҳои ояндаи миллат моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон мулки обод мерос гузорем».

Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки мо бояд барои ислоҳи вазъи ногувори дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амаломада ва пешгирӣ кардани харобшавии ҳифзи муҳити зист, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2025 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд