Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 январ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вохӯрии ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода бо намояндагони Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкории академии ҷонибҳо дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби омӯзгорону профессорони ҷонибҳо ба чорабиниҳои илмӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таҳқиқоти илмии муштарак, баргузории конфронсу ҳамоишҳои муштарак ва амсоли инҳо баррасӣ гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, барои дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори созишнома Харитаи роҳ таҳия гардид. Тибқи он рушди муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи комилан нав амалӣ мешавад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






