ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 номзад пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Барно Сайвализода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон иттилоъ доданд, зимни баргузории маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар ноҳияи Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзад дар бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ сабти ном карда шуда, аъзои Кумитаи иҷроия мавқеи худро муайян намуданд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон









Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд






