ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 номзад пешниҳод намуд

Январь 9, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Барно Сайвализода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон иттилоъ доданд, зимни  баргузории маҷлиси якҷояи кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар ноҳияи Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ва пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии якмандатии Муъминобод, №38 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номзад дар бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ сабти ном карда шуда,  аъзои Кумитаи иҷроия мавқеи худро муайян намуданд.

 АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон

Январь 9, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон гардиши савдои хориҷӣ ба 210,2 миллион доллар баробар гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кӯдакону наврасони ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид