Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» баргузор гардид. Дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд сазовор ҷойи якум гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи аввал, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм ва ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ғолибон бо қарори комиссияи озмуни вилоятӣ аз 20 сентябри соли 2024, дар асоси нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими бунёдкорию созандагӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, инчунин тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ муайян карда шуданд.
Ҳамзамон дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Азизобод»-и шаҳри Панҷакент, маҳаллаи «Машъал»-и шаҳри Бӯстон, маҳаллаи ба номи Абдураҳим Ғозибекови ноҳияи Шаҳристон, дар бахши «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан, деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Метари ноҳияи Спитамен, дар бахши «Деҳоти беҳтарин» деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Диплом ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






