Хуҷанд беҳтарин шаҳри вилояти Суғд дар соли 2024 дониста шуд

Январь 14, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2024» баргузор гардид. Дар бахши «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанд сазовор ҷойи якум гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Ашт соҳиби ҷойи аввал,  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм ва ноҳияи Спитамен соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ғолибон бо қарори комиссияи озмуни вилоятӣ аз 20 сентябри соли 2024,  дар асоси нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими бунёдкорию созандагӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, инчунин тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз анъанаҳои миллӣ муайян карда шуданд.

Ҳамзамон дар бахши «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Азизобод»-и шаҳри Панҷакент, маҳаллаи «Машъал»-и шаҳри Бӯстон, маҳаллаи ба номи Абдураҳим Ғозибекови ноҳияи Шаҳристон,  дар бахши «Деҳаи беҳтарин» деҳаи Равғангарони шаҳри Истаравшан, деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Метари ноҳияи Спитамен, дар бахши «Деҳоти беҳтарин» деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст оварданд.

Ба ғолибони озмун аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Диплом ва мукофотҳои пулӣ супорида шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 14, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид