ИДОРАИ ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИН. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин соҳа мутахассис омода менамояд
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар соҳаи идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин мутахассис омода намояд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода 31 январ дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар иртибот ба ин дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ихтисосҳое, ки ба замони муосир мутобиқат менамоянд, омӯзонида мешаванд. Соли 2024 аз рӯи 44 ихтисос донишҷӯён ба донишгоҳ қабул карда шуданд, ки нисбат ба соли 2023 8 ихтисос зиёд мебошад.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ афзуд, ки ҳоло дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, 6 идора, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ –педагогӣ, 20 кафедра ва 4 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 211 гурӯҳи академӣ, аз инҳо 140 гурӯҳи таҳсилашон ба забони тоҷикӣ, 68 гурӯҳи русӣ ва се гурӯҳи англисӣ мавҷуданд. Дар маҷмуъ 3 ҳазору 100 донишҷӯ тибқи низоми кредитӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳоло дар зинаи бакалавр дар курси якум аз рӯи 44 ихтисос, курси дуюм- 38 ихтисос, курси сеюм- 35, курси чорум аз рӯи 36 ихтисос ва дар зинаи магистратура аз рӯи 9 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






