Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад

Январь 22, 2025 08:10

ДУШАНБЕ, 22.01.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯи шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 15-20 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 0-5  дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш бо ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Январь 22, 2025 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад