ИСТИФОДАИ СИСТЕМАҲОИ ЗЕҲНӢ. Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад
ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2024, ҳама ширкатҳои таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба истифодаи мошинҳои барқӣ гузаранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Қарор бо мақсади татбиқи «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, қабул гардидааст.
Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ба гузариши пурраи таксиҳо ба системаи нақлиёти барқӣ мусоидат намоянд.
Қаблан 7 майи соли 2019 дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис шуда буд, ки дар пойтахт ба татбиқи барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд», аз ҷумла лоиҳаи «GPS tracker» (дастгоҳе, ки дар мошин устувор карда мешавад ва барои сабти нуқтаҳои хатсайри ҳаракат пешбинӣ шудааст) шуруъ намуд.
Барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд» ҷорӣ намудани системаҳои зеҳнии нақлиётро пешбинӣ мекунад. Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар автобусҳо, троллейбусҳо ва таксиҳо gps-трекерҳо, инчунин сенсорҳои (дастгоҳҳои) ченкунии миқдори сӯзишворӣ ва ҷараёни мусофирбарӣ, дар истгоҳҳои шаҳрӣ тоблуҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақти расидан ва шумораи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб карда шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






