КИШОВАРЗОН АЗ БАРФ ЧӢ ГУНА ИСТИФОДА БАРАНД? Посухи коршинос ба ин савол манзур мегардад

Январь 29, 2025 12:10

ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барфи имрӯз ва сардии ҳафтаи охир, пеш аз ҳама, ба манфиати кори деҳқонон аст. Зеро барф ҳашароти зараррасонро нобуд намуда, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ нигоҳ медорад. Чунин тавсия медиҳад директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба боғпарварони мамлакат.

Коршинос маслиҳат медиҳад, ки  боғдорон дар ин шабу рӯз бояд барфро дар гирди дарахтон ҷамъ намоянд. Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин месозад. Фоидаи барф аз он иборат аст, ки ҳашароти зараррасони боғу токзор ва дигар зироати кишоварзиро нест менамояд. Инчунин дар ин рӯзҳои сард бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро  намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хок ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад.

«Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон дарахтони донакдор муғча бастаанд. Агар моҳи феврал ҳаво сард шуда, барф борад, ин ба манфиати боғпарварон ва соҳаи растанипарварӣ аст.  Вале агар ҳарорат баланду камбориш гардад, ин ба бедоршавӣ ва гулкунии барвақтии дарахтон мусоидат мекунад»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Мутахассиси соҳа изҳор медорад, ки он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне давоми як ҳафтаи сардӣ пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар оянда ҳосили фаровон диҳанд.

Шарофиддин Кароматов  таъкид кард, ки дар ин шабу рӯз шудгор намудани заминҳо ба манфиати кор мебошад. «Барфе, ки меборад, барои нафасгирии хок аҳамияти зиёд дорад. Вақте ки барф мебораду мо заминҳоро шудгор менамоем, ин фоида  дорад. Зеро ҳангоми шудгор намудан ҳашароте, ки дар зери замин ҳастанд, боло мебароянд ва шабона, ки ҳаво сард ва яхбандӣ мешавад, ин ҳашарот пурра нест мешаванд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2025 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид