Лоиҳаи «Методика ва саволномаи таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия» мавриди муҳокима қарор гирифт

Январь 8, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 08.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаи «Методика ва саволномаи таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, дар муҳокимаи лоиҳа масъулини вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои асосии баҳодиҳӣ ба сатҳи коррупсия дар соҳаҳои муайян баргузор намудани таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ мебошад. Зеро муайян намудани ҳолати воқеии мавҷудияти коррупсия дар ин ё он соҳа имконият медиҳад, ки роҳҳои нав ва самарабахши муқовимат ба коррупсия коркард ва амалӣ карда шаванд.

Бо ин мақсад коршиносон фикру андешаҳои худро доир ба лоиҳаи «Методика ва саволномаи таҳқиқоти маҷмуии сотсиологӣ оид ба дарки ҷомеа дар бораи коррупсия» баён намуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 8, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад