НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя нагардидани талаботи қонуни танзим беш аз 11 миллион сомонӣ ҷарима муқаррар гардид
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомониро ташкил намуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Раиси кумита иброз намуд, ки соли 2024 дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 609 ҳолат зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 114 ҳазору 853 маърака ва маросим сабт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 506 маърака кам мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Вале аз омор маълум мегардад, ки дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.
«Новобаста ба кам сабт шудани маърака ва маросим дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, ҳуқуқвайронкунии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Далели ин дар 1409 ҳолат таъйин гардидани ҷазо мебошад»,-гуфт Сулаймон Давлатзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






