НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 53 ихтисоси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барномаҳои таълимии нави намунавӣ таҳия шудаанд
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз тарафи қисми таълим ва садорати факултетҳо барои 53 ихтисос барномаҳои таълимии нави намунавӣ ва барномаҳои таҳсилӣ тибқи модулҳо, мутобиқи талаботи байналмилалӣ, мантиқ ва принсипҳои раванди Болония таҳия шуданд. Дар ин ҳуҷҷатҳои пешбурди раванди таълим дар «Бахши фанҳои заминавӣ» модулҳои фанҳои иҷтимоӣ — гуманитарӣ, фанҳои забонҳо, фанҳои табиӣ – иқтисодӣ ва технологияи иттилоотӣ мероси бузурги гузаштагон, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таърихи миллати тоҷик ба эътибор гирифта шудаанд. Тибқи нақшаҳои таълимии нави намунавӣ нақшаҳои корӣ таҳия ва тасдиқ шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Чунин баён дошт Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Дар 10 факултети донишгоҳ 4666 донишҷӯ аз рӯйи 53 ихтисос ба таҳсили рӯзона фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 162 нафар барандагони квотаи президентӣ мебошанд. Дар таҳсилоти фосилавӣ 1051 донишҷӯ аз рӯйи 29 ихтисос таҳсил менамоянд, ки аз ин миқдор 199 нафар духтаронанд. Дар таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ 91 шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар айни замон дар зинаи магистратура 64 нафар ва дар зинаи доктор(PhD) 28 нафар таҳсил менамоянд.
Дар таърихи донишгоҳ аввалин маротиба дар факултети тибби ветеринарӣ гурӯҳи англисӣ ташкил карда шуд, ки устодони худи донишгоҳ тамоми дарсҳоро ба забони англисӣ баргузор намуда, донишҷӯён низ дар донистани забон фаъол ҳастанд. Натиҷаи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2024-2025 дар ин гурӯҳ назаррас аст. Ҳамзамон раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда теъдоди чунин гурӯҳҳоро дар дигар факултетҳо зиёд намояд.
75 омӯзгори ҷавон барои омӯзиши забони русӣ ва 45 нафар барои забони англисӣ ба машғулияти дарозмуддат ҷалб шуда, аз санҷиш гузаронида шуданд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 30 омӯзгор ва 250 донишҷӯ забонҳои англисӣ ва олмониро медонанд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






