НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қариб 700 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд

Январь 30, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Дар айни замон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 694 донишҷӯ аз Узбекистон, Русия, Афғонистон, Чин, Туркманистон ва Ҳиндустон дар зинаҳои таҳсили бакалавр, магистратура ва доктор PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин аз мавҷудияти пойгоҳи мустаҳками моддию техникӣ ва муҳайё намудани шароити муносиби таҳсил дар донишгоҳ дарак медиҳад»,-иттилоъ дода шуд 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ ба ихтисосҳои самти энергетика, роҳи оҳан, коркард ва истифодаи конҳои нафту газ, сохтмон ва меъморӣ зиёд гардидааст.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода иброз намуд, ки «донишгоҳ дар соҳаҳои муҳимтарини замони муосир, бахусус энергетика, нақлиёт, сохтмон ва меъморӣ, саноат ва дигар соҳаҳои калидӣ мутахассисоне омода менамояд, ки ба меъёрҳои баландтарини замон ҷавобгӯ буда, диққати довталабони хориҷиро бисёртар ҷалб намудаанд.

Донишгоҳ бо назардошти таваҷҷуҳи бештари довталабон, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва дар ин замина омода намудани мутахассисони баландтахассус аз рӯйи ихтисосҳои таъмини барқ, коркард ва истифодаи конҳои нафту газ дар шакли 2+3 бо Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд барномаи таълимии муштарак ташкил намуд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд