НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ ва зиёда аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ беш аз 22,4 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 567,2 миллион кВт-соат ё 3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра аз ҷониби барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат, аз ҷумла дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» беш аз 17,4 миллиард кВт-соат, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Сангтӯда-1» зиёда, аз 2,6 миллиард кВт-соат, дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» 869,5 миллион кВт-соат, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» 214,1 миллион кВт-соат, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО-и «Роғун» зиёда аз 1,2 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.
Ҳамзамон соли 2024 дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1,3 миллион Гкал неруи гармӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 359,2 ҳазор Гкал бештар мебошад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва ба кор даровардани иқтидори нави саноатӣ сол аз сол талабот ба неруи барқ дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа иброз намуд, ки соли 2024 корхонаю муассисаҳои соҳаҳои марбут ба Вазорати энергетика ва захираҳои об фаъолияташонро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барномаҳои соҳавии рушди энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ равона намуданд.
Дар доираи салоҳияту уҳдадориҳо барои амалӣ намудани сиёсати ягонаи энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обии мамлакат, аз ҷумла дар самти бунёд ва таҷдиди иқтидори истеҳсолии энергетикӣ, сохтмону таъмири инфрасохтори энергетикӣ ва афзоиши имконияти содиротӣ корҳои назраррас ба анҷом расонида шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






