НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ соли 2024 ба аҳолӣ ба маблағи беш аз 245 миллион сомонӣ хизмат расонидааст
ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба истифодабарандагон ба маблағи 245 миллиону 495,3 ҳазор сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расонидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ Абдулазиз Достизода иттилоъ дод.
Дар самти хизматрасонии коммуналии корхонаҳои тобеи ташкилоти низоми кумита, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гуфта шуд, ки соли 2024 ба истифодабарандагон ба маблағи 106 миллиону 504 ҳазор сомонӣ корҳо дар самти кашонидану безарар намудани партовҳои сахти маишӣ ба иҷро расонида шуд.
Дар асоси «Барномаи рушди хоҷагии коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» ва дар доираи «Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025» дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳаву деҳкадаҳои ҷумҳурӣ ба оби ошомиданӣ нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 964 ҳазору 145 нафар зиёд гардидааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад






