НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 120 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха нашр мешавад
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти мабуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бартараф намудани норасоии адабиёти таълимӣ дар асоси эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» таҳия шуд, ки тибқи он нашри 120 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди 9 миллиону 154 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.
Ба иттилои Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат вобаста ба такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои муфид андешида шуданд. Аз ҷумла, «Барномаи амалкунандаи таълими фанни адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11»-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ куллан бознигарӣ карда шуд.
-Дар заминаи дастури Сарвари давлат бо мақсади таҷдиди минбаъдаи барномаю китобҳои дарсӣ консепсияҳои таълифи китобҳои дарсӣ аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ва адабиёти тоҷик таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод гардид,- гуфт вазир.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи SТЕМ то охири соли 2025 бознигарӣ ва таҳияи 14 номгӯй китоби дарсӣ аз фанҳои химия, биология ва физика идома дорад. Ҳамагӣ то соли 2026 таҳияи қариб 60 номгӯй китоби дарсии насли нав дар назар дошта шудааст.
Инчунин соли 2024 112 номгӯй адабиёти таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо теъдоди умумии 4 миллиону 674 ҳазор нусха нашр гардид, ки нисбат ба соли 2023 340 ҳазор нусха зиёд мебошад.
Вазири маориф ва илм изҳор намуд, ки соли 2024 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 5 миллиону 14 ҳазору 464 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълимӣ дастрас гардид. Аз ин теъдод 4 миллиону 617 ҳазору 946 нусхааш танҳо китоби дарсӣ буда, нисбат ба соли 2023 117 ҳазору 965 нусха зиёд аст.
Соли 2024 70 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, туркманӣ, узбекӣ ва қирғизии ҷумҳурӣ таҳия шуда, омодаи чоп аст.
Ҳамзамон дар доираи лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» корҳои таълимӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва хониши адабӣ бо теъдоди зиёда аз 3 миллион адад ва 31 номгӯй китоби бадеӣ бо теъдоди зиёда 270 000 нусха, нашри такрорӣ ба миқдори зиёда аз 220 000 нусха ва дар маҷмуъ 558 ҳазору 638 нусха ба анҷом расид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид






