ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз қисмати назариявии корҳои илмӣ ба қисмати амалӣ мегузарад

Январь 30, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пайванди илм бо истеҳсолот дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чӣ гуна амалӣ мешавад?

Дар посух ба ин суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода иброз дошт, ки «мо барои пайванди илм бо истеҳсолот тасмим гирифтаем, ки аз қисмати назариявии корҳои илмӣ ба қисмати амалӣ гузарем. Ба нақша гирифтаем, ки аз ин пас устодону олимон он мавзуъҳоеро дар корҳои илмӣ пешниҳод намоянд, ки бештар хусусияти амалӣ дошта бошанд».

Ба таъкиди ректор, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки мутахассисони ба бозори дохилӣ ва берунии меҳнат рақобатпазирро аз рӯи равияҳои иқтисодӣ, идора ва ҳуқуқ омода менамояд. «Пайванди занҷираи таълим, тарбия ва илм бо истеҳсолот ногузир аст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фаъолиятамонро бештар ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи кадрҳои хушсалиқаю ватандӯст ва иҷрои корҳои илмии бунёдӣ, инчунин татбиқи илм бо истеҳсолот равона намоем».

Иттилоъ дода шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани пайванди илм бо истеҳсолот соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромантаж» ду неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 19 кВт сохта, ба истифода дода шуд. Неругоҳҳо дар маҷмуъ аз 35 панели монокриталии офтобӣ бо тавоноии ҳар кадом 560 Вт иборат мебошанд. Онҳо иқтидор доранд, ки давоми як шабонарӯз то 220 кВт неруи барқ истеҳсол намоянд.

Тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ солҳои охир дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии мамлакат қарор дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд