Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ асоси ислоҳот дар соҳаи маориф аст

Январь 19, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 19.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи маориф яке аз масъалаҳои муҳиму марказии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола бо таҳлилҳои амиқу дақиқ ва беҳтар кардани вазъи соҳаи маориф аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ба чанд масъалаи мубрами соҳаи маориф диққати асосӣ дода шуд.

  Беҳдошти вазъи моддию маишии кормандони соҳаи маориф

    Ҳамасола Президенти Тоҷикистон дар суханронию вохӯриҳо ба рушди маориф ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, барои баланд бардоштани музди маош ва дигар ёрдампулиҳо дастурҳои қатъӣ содир менамоянд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин дастур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф беҳтар гардида, бо ин роҳ ҳавасмандӣ, такмили ихтисос, ҷалби кадрҳои дорои қобилияти баланд, коҳиши муҳоҷират ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа ва дигар тадбирҳо амалӣ карда шаванд.

Афзоиши шумораи муассисаҳои соҳаи маориф

Маориф самти афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ таъмин карда шавад. Ҳамчунин барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман барои бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин тадбирҳо ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, аз ҷумла дастрасии бештар ба таҳсил, самаранокии таълиму тарбия, рушди зеҳнӣ, коҳиши нобаробарӣ, бекорӣ, ҷинояткорӣ, фароҳам овардани ҷойи кор, ташаккули маърифат ва сатҳи маънавиёти аҳолӣ ва ғайра мусоидат мекунанд.

Аз нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки дар муддати соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион хонанда фаъолият дошт, имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Аз ин натиҷаю дастовардҳо бармеояд, ки соҳаи маориф ҳамчун самти асосию афзалиятноки ҷумҳурӣ дар роҳи рушду пешрафт қарор дошта, марҳила ба марҳила бо ташаббусҳои беназири Пешвои миллат тақвият меёбад.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсили томактабӣ

   Дар хусуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсили томактабӣ омӯзонида шаванд. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ Президенти Тоҷикистон изҳор  намуданд, ки барои таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ихтисосҳои наву зарурӣ, дарёфти идея ва ихтироъкорон

Бо ин мақсад Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ амалӣ карда шавад. Барои татбиқи ин амр муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, додани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур маҳсуб мешавад. Ҳамчунин дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъсиси Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб, факултаю кафедраҳои дахлдор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба назар гирифта шуд.

Ҳамчунин самти муҳими пешрафти ҷомеа «кашфи идеяҳо ва  ихтироъгарон» аст, ки маҳз дар мактабу донишгоҳҳо дарёфт мешаванд. Давлатҳои аз лиҳози фанноварию технологӣ пешрафта танҳо аз ҳисоби фурӯши идеяҳову ихтироот ба буҷети мамлакат садҳо миллиард доллар фоида меоранд. Бинобар ин, дарёфти истеъдодҳо  маҳз аз зинаи таҳсилоти ибтидоиву миёна ба даст меояд ва барои татбиқи он фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, ҷалби кӯдакону наврасон ба фаъолияти гуногун, ҳавасмандии омӯзгорон, татбиқи низоми баҳодиҳию мониторинг, ҳамкории дуҷонибаи волидайну мактаб, истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва дигар табдирҳо зарур мебошанд.

Таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва стратегии соҳаи маориф

Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳияи санадҳои асосии рушди маориф, аз ҷумла барномаю стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ барои солҳои минбаъда ба нақша гирифта шуд. Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки  «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» таҷдиди назар карда шавад.

Ҳамин тариқ, маориф масъалаи меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб рафта, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад… Сабаби асосии бадбахтии ҳар миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне, то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».

Аз ин рӯ, ҷиҳати амалӣ гардонидани таъкидҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҳамкорию ҳамгироии ҳама ниҳодҳои иҷтимоӣ, бахусус оила, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат зарур мебошад. Мушкилии соҳаи маориф танҳо он вақт ҳал мегардад, ки дар ин самт маблағгузорӣ кофӣ шуда, риоя ва татбиқи қонунҳо, назорати мунтазам, баланд бардоштани сифати таълим, ташаккули муҳити эҷодӣ, таваҷҷуҳ ба раванди таълиму тарбияи фарзандон аз ҷониби волидайн, такмили барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандарҳои ҷаҳонӣ ва ғайра амалӣ гардад.

Матроб МАТРОБОВ,
ходими калони илмии раёсати илм ва инноватсияи
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳдона организмро аз пиршавӣ ва бемориҳои онкологӣ эмиин нигоҳ медорад
Ба сокинони деҳаи Офтобрӯяи ноҳияи Файзобод моҳияти Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фаҳмонида шуд
ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР КАҶ… Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёд намудани теъдоди муассисаҳои томактабӣ таъкид гардид
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом мерасад
АРЗЁБИИ ХОНИШ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Мубориза бо хурофот ва ҷаҳолат рисолати шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оғози марҳилаи рушди инноватсия мебошад
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд