«ПИРЯХ». Таҳти чунин унвон театри опера ва балети тоҷик дар шаҳрҳои Париж ва Брюссел намоиш пешниҳод мекунад
ДУШАНБЕ, 26.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имсол дар шаҳри Парижи Фаронса ва Брюссели Подшоҳии Белгия бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Пирях» намоиш пешниҳод менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иттилоъ медиҳад.
Муаллифи либретто — Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим буда, он бо мусиқии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ офарида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






