Пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» барои обёрии заминҳо дар мавсими соли 2025 омода мебошад

Январь 29, 2025 10:34

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 январ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» шинос гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар доданд, пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» дорои 8 агрегат мебошад, ки 4 адади он пурра аз таъмир бароварда шуд.         Ин пойгоҳ  дар мавсими соли равон 9735 гектар заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин мекунад. Дар он беш аз 12 нафар фаъолият доранд.

Пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд гардида, 6 агрегати он таъмирталаб буда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб заминҳои ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз ва қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав аз оби полезӣ танқисӣ мекашиданд.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пойгоҳи обкашӣ пурра таъмиру таҷдид карда шуд. Ба он муҳаррику дастгоҳҳои нав насб гардиданд, ки имкон медиҳанд пойгоҳ 7885 гектар заминҳои кишоварзиро дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин кунад.

Намояндагони Ҳукумати мамлакат барои таъмини фаъолияти ин пойгоҳ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Январь 29, 2025 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад