Президенти Тоҷикистон: «Иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад ба нафъи дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон низ истифода шавад»

Январь 17, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Итминон дорем, ки иқтидори бузурги энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар оянда метавонад на танҳо ба нафъи мо, балки ба манфиати дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Эрон истифода шавад. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон, ки 16 январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки  доираҳои соҳибкорону сармоягузорони ҳар ду давлат баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати ҳиссаи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд. Имрӯз ҳамагӣ панҷ дарсади ин зарфият мавриди истифода қарор гирифта, 98 дарсади неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

«Ба андешаи мо, яке аз ангезаҳои муҳими сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон- ин имкони пешбурди тиҷорат ва сармоягузорӣ мутобиқ ба тамоюлҳои муосири ҷаҳонӣ барои  гузаштан ба иқтисоди «сабз» мебошад», — таъкид намуданд Пешвои  миллат.

Вобаста ба ин зарфияти гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли энергияи «сабз» ба шумор меравад, имконоти фаровон пешниҳод мекунад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон нақша дорад ояндаи наздик истеҳсоли энергияро тибқи талаботи меъёрҳои ҳифзи муҳитизистӣ то ду баробар афзоиш диҳад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 17, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст