Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Эллен Смиттон, Япония хонум Фурута Кэйко, Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик, Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналдин, Австрия хонум Андреа Бахер, Италия Пиер-Габриеле Пападиа де Боттини де Сант Анезе, Канада Кристофер Дагган, Австралия Ҷон Уилям Гиринг, Алҷазоир Муҳаммад Ирқӣ, Сомалӣ Фатҳудин Алӣ Моҳамед Биау, Камбоҷа Сок Чеа ва Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Изҳори итминон карда шуд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ ба таҳкими робитаҳои миёни кишварҳои худ ва Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.
“Сиёсати хориҷии давлати мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ нигаронда шудааст”, — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои ҷаҳон ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби бисёрҷониба дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиати муштарак равобити фаъолу созанда роҳандозӣ намудааст.
Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Япония, Ҷумҳурии Корея, Давлати Фаластин, Австрия, Италия, Канада, Австралия, Алҷазоир, Сомалӣ, Камбоҷа ва Венесуэлаи Боливарианӣ андешаронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сафирони навтаъинро ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ҷалб намуданд.
Ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва робитаҳои пурсамари байнидавлатӣ аз мавзӯоти дигари суҳбат буд.
Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳо комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.
Дар охири маросим миёни Пешвои миллат ва сафирони навтаъин суҳбати озоду самимӣ доир гардид.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






