Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд

Январь 31, 2025 12:05

ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои сафирони навтаъини як қатор кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.

Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Эллен Смиттон, Япония хонум Фурута Кэйко, Ҷумҳурии Корея Ҷон Сонг Шик, Давлати Фаластин Адҳам Муҳаммад Алӣ Ҳасан Зайналдин, Австрия хонум Андреа Бахер, Италия Пиер-Габриеле Пападиа де Боттини де Сант Анезе, Канада Кристофер Дагган, Австралия Ҷон Уилям Гиринг, Алҷазоир Муҳаммад Ирқӣ, Сомалӣ Фатҳудин Алӣ Моҳамед Биау, Камбоҷа Сок Чеа ва Боливарии Венесуэла Кристофер Алберто Мартинез Берротеран эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки сафирон бо иқдомот ва тадбирҳои амалии худ ба  таҳкими робитаҳои миёни кишварҳои худ ва Тоҷикистон мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.

“Сиёсати хориҷии давлати мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо шарикони байналмилалӣ нигаронда шудааст”, — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон бо доираи васеи кишварҳои ҷаҳон ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чорчӯби бисёрҷониба дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиати муштарак равобити фаъолу созанда роҳандозӣ намудааст.

Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Япония, Ҷумҳурии Корея, Давлати Фаластин,  Австрия, Италия, Канада, Австралия, Алҷазоир, Сомалӣ, Камбоҷа ва Венесуэлаи Боливарианӣ  андешаронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сафирони навтаъинро ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва зарурати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба обу  иқлим ҷалб намуданд.

Ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими ҳусни тафоҳум ва робитаҳои пурсамари байнидавлатӣ аз мавзӯоти дигари суҳбат буд.

Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дипломатҳо комёбӣ хоста, ба сарварони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

Дар охири маросим миёни Пешвои миллат ва сафирони навтаъин суҳбати озоду самимӣ доир гардид.

 
Маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони навтаъини давлатҳои хориҷӣ 31.01.2025

Январь 31, 2025 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз