Ризо Солеҳии Амирӣ: «Аз ҳар муваффақияти Тоҷикистон ҳушҳолу сарфароз мешавем»
ДУШАНБЕ, 18.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Бениҳоят шодам, ки ба Тоҷикистон омадам, зеро дар ин ҷо ҳама чиз бароям писанду маъқбул аст — ҳам табиати зебою нотакрораш, кӯчаю хиёбонҳои ҳамеша сабзу гулпӯши шаҳри Душанбе, ҳам мардуми самимию меҳмоннавозаш, ки бо мо, эрониҳо ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд. Фарҳангу тамаддуни мо решаҳои муштараки таърихӣ доранд. Тоҷикону эрониҳо ба ҳам мисли бародару хоҳар ҳастанд. Ҳамин аст, ки мо аз ҳар як муваффақияти Тоҷикистон ҳушҳолу сарфароз мегардем», — чунин иброз намуд Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Ризо Солеҳии Амирӣ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ризо Солеҳии Амирӣ баён дошт, ки Тоҷикистон сарзамини мардуми фарҳангӣ ва аҳли илму дониш аст. Мо кӯшиш мекунем, ки муносибатҳои фарҳангиамонро боз ҳам равнақ диҳем.
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин доир ба ҳамкории фарҳангӣ ва ҳунармандӣ бо Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.
«Пешниҳод менамоям, ки байни бостоншиносони ду давлат нишаст баргузор гардад. Иштирокчиёни он доир ба корҳои бостоншиносӣ бо ҳамдигар табодули таҷриба намоянд»,-гуфт номбурда.
Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «дар Эрон беш аз 6 ҳазор лаҳҷаи забонӣ дорем, ки ба лаҳҷаҳои тоҷикон монанд мебошанд. Ман хоҳони онам, ки байни забоншиносонамон доир ба лаҳҷаҳо корҳои таҳқиқотӣ ва илмӣ анҷом дода шаванд. Инчунин хуб мешуд вобаста ба рушди ҳунарҳои дастӣ бештар ҳамкорӣ намоем, намоишҳои дуҷониба ва омӯзиши ҳунарҳоро доир намоем».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






