САДА – ҶАШНИ РӮШНОӢ ВА ПАЙВАНДГАРИ ФАРҲАНГҲО. Тантанаи ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 26, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ ҷашни Сада, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо шукeҳи хоcса таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти донишгоҳ, устодону меҳмонон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода бо такя ба суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҷашни Садаро ҳамчун рамзи оғози гармӣ, рӯшноӣ ва пайванд бо табиат таъкид намуда, онро ҷузъи муҳими фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон номид.

Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳёи суннатҳои мардумӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Таъкид карда шуд, ки баргузории ҷашнҳои миллӣ аз қабили Тиргон, Меҳргон, Сада, Наврӯз ва дигар ҷашнҳо барои донишгоҳи мо аҳамияти бузург дорад. Донишҷӯён, ки дар доираи барномаҳои табодули академӣ дар кишварҳои дигар таҳсил мекунанд, низ бояд бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллӣ анъанаҳои тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ин амал на танҳо барои баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим аст, балки инчунин ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллиро дар байни ҷавонон таҳким мебахшад.

Дар фарҷом меҳмонон ва иштирокчиён бо намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастовардҳои эҷодии донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ шинос шуданд. Ин намоиш, ки бо ташаббуси сохторҳои донишгоҳ ташкил гардида буд, гуногунрангии ҳунарҳои миллӣ ва малакаҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯёнро ба таври шоиста инъикос кард. Маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ, дар якҷоягӣ бо лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва эҷодӣ, ки донишҷӯён дар заминаи омӯзиши фарҳанг ва сайёҳӣ таҳия карда буданд, диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд.

Инчунин барномаи фарҳангии пуршукуҳ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.


АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Январь 26, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид