Шумораи аввали маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид

Январь 30, 2025 13:43

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аввали маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ»– нашрияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба нашр расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, он мақолаҳои арзишманд дар  мавзуъҳои гуногуни  сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ,  муҳитзистӣ, таърих, фарҳанг ва ғайраро, ки маҷмуан самтҳои мухталифи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра менамоянд, дар бар мегирад.

Маҷалла бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардидааст, ки ҳадафи асосияш мусоидат ба татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси ҳамаҷонибаи он, таҳлилу баррасӣ, комёбӣ, натиҷагирӣ, мушкилот ва дурнамои ин самти муҳими давлатдорӣ дар миқёси ҷаҳон аст.

Дар саҳифаҳои ин шумора мақолаҳое ба табъ расидаанд, ки бозгӯйи гуфтаҳои болоянд. Инчунин дар бахши «Маърифати дипломатия» тавсияҳои сафирон ва дипломатҳои собиқадор нашр шудаанд, ки маслиҳатҳои хуб барои фаъолияти минбаъдаи дипломатҳои ҷавон мебошанд.

Маҷалла ба доираи васеи хонандагон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, пажуҳишгарон, сиёсатшиносон, олимон, кормандони соҳаи илм, донишҷӯён ва донишандӯзони бахши муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳаводорони соҳа нигаронида шудааст.

Кормандони маҷалла омодаи онанд, ки дар саҳифаҳои маҷалла мақолаҳои намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, коршиносон ва донишмандонро ба табъ расонанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 30, 2025 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд