СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Андешаҳои Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Саҳми соҳибкорӣ дар таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ тавассути таъмини шуғли пурмаҳсул ва рушди истеҳсолоти ватанӣ назаррас мебошад. Зеро ин намуди фаъолият ба навовариҳои илму техника, тағйироти тақозо ва вазъи бозори ҷаҳонию минтақавӣ мутобиқ шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва пешниҳоди хизматрасонии баландсифат заминаи мусоид фароҳам меорад. Бинобар ин, таҳти сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат пайваста ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталиф, аз қабили содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, коҳиши санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути амалисозии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо истифодаи самараноки сармояи субъектҳои соҳибкорӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат таҷрибаи беназир ба даст овардааст. Зеро фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷаҳони муосир воситаи муҳимми рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Инчунин таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон дастгирии соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 омадааст, ки саҳми соҳибкорон дар иҷрои нақшаҳои ободонию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмони беш аз 1500 иншооти маориф, 660 иншооти тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорон иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ хеле назаррас аст. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумат ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти мамлакат миннатдории самимӣ баён доштанд, ки бори дигар гувоҳи таваҷҷуҳ, дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои Роҳбари давлат нисбат ба намояндагони бахши хусусӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимме, ки Президенти Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои 5 соли минбаъда муайян намуданд, гузариш ба рақамикунонии ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ ва пешбурди иқтисоди рақамӣ мебошад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Президенти мамлакат барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Дар доираи ин пешниҳоди саривақтӣ ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа равона карда мешавад.
Ин ташаббус дорои аҳаммияти стратегӣ буда, барои рушди фаъолияти соҳибкории рақамии мамлакат роҳҳои нав мекушояд, зеро соҳибкории рақамӣ ҳамчун шакли муосир ва самараноки фаъолияти иқтисодӣ имкон медиҳад, ки соҳибкорон тавассути платформаҳои рақамӣ молу маҳсулоти худро пешниҳод ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид шаванд. Дар ин ҷода ташаккули инфрасохтори рақамӣ, ба монанди бонкдории рақамӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ, шабакаҳои савдои электронӣ ва платформаҳои таълимӣ барои рушди соҳибкорӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити мусоид бобати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои сармоягузорӣ пайваста тадбир меандешад. Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016 то 42 ҳазор дар соли 2024 кам гардад. Ҳамчунин соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар коҳиш ёфт.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузорӣ ва коҳиши монеаҳои бюрократӣ давоми солҳои 2008-2022 чаҳор маротиба (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон карда шуд. Таҷриба нишон дод, ки ин иқдом ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна, афзоиши сармоягузорӣ, ташкили ҷойи нави кор, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва боло рафтани некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат намуд.
Дар идомаи ин сиёсати муваффақ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 зарурати эълони мораторияи нав таъкид гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд. Ҳадаф аз ин иқдом таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойи нави кор ва таҳкими рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Мораторияи нав тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» амалӣ гардида, муносибатҳои марбут ба санҷишҳоро танзим мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд, то татбиқи пурраи мораторий таъмин гардад.
Ин ташаббуси Пешвои миллат, ки ба коҳиши санҷишҳои беасосу такрорӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва таъмини шаффофият равона шудааст, омили муҳимми таҳкими бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ хоҳад буд. Ба андешаи мо, мораторияи эълоншуда на танҳо замина барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ мегардад, балки кафолати татбиқи самараноки стратегияи пешгирифтаи давлатро фароҳам меорад.
Президенти Тоҷикистон ҳамзамон таъкид намуданд, ки барои таҳкими фазои сармоягузорӣ ва таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои соҳавӣ вазифадор мегардад, ки дар муҳлати се моҳ бо истифода аз маълумоти мушаххасу дақиқ оид ба захираю имконияти мавҷуда, соҳаҳои афзалиятнок ва самтҳои калидии беҳбуди фазои сармоягузорӣ «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намояд.
Стратегия бо назардошти талаботи рушди иқтисоди рақамӣ, густариши инфрасохтори сармоягузорӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятнок ва ташаккули низоми ҳуқуқии мукаммал заминаи муҳимме барои татбиқи самараноки лоиҳаҳои стратегӣ фароҳам оварда, дар рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва хизматрасонӣ, ки муҳаррики асосии иқтисоди миллӣ мебошанд, нақши калидӣ мебозад. Ин иқдом тавассути шарикӣ бо бахши соҳибкорӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ҳамзамон бо такя ба таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ба баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари дигар самтҳо Президенти Тоҷикистон зарурати таҷдиди назар дар истифодаи имтиёзи андоз аз фоида барои соҳибкорону сармоягузорон ҳангоми бунёди корхонаҳои навро муҳим арзёбӣ намуданд. Президенти мамлакат афзуданд, ки дар айни замон ин имтиёз аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии корхона амалӣ мегардад, ки дар натиҷа қисми зиёди муҳлати имтиёзӣ ба давраи сохтмон ва таҷҳизонидани корхона, яъне то оғози фаъолияти истеҳсолӣ рост меояд. Ин ҳолат имкон намедиҳад, ки соҳибкорону сармоягузорон аз имтиёзҳои муқарраршуда пурра баҳра бардоранд, зеро дар ин давра ҳанӯз фоида ба даст намеояд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба истифодаи пурраи имтиёзҳои андозӣ аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон ҳангоми бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдори такмилдиҳандаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Ин иқдом ба он равона шудааст, ки механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида такмил ёфта, сармоягузорон ва соҳибкорон тавонанд аз он пас аз оғози фаъолияти истеҳсолии корхона баҳра бардоранд. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки муҳлати имтиёз ба давраи даромаднокии воқеии корхона мутобиқ шавад, то соҳибкорон сармояи бештарро дар рушди истеҳсолот, такмили инфрасохтор ва васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ истифода намоянд.
Ба андешаи мо, амалисозии чунин тадбир на танҳо соҳибкорону сармоягузоронро барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҳавасманд мекунад, балки ба рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши шумораи ҷойи кор низ мусоидат менамояд. Ин ташаббус боиси баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ташвиқи сармоягузории дохилию хориҷӣ хоҳад шуд. Таъмини иҷрои чунин тадбирҳо тавассути такмили сиёсати андозӣ ва таъсиси шароити мусоид барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок метавонад ба таҳкими иқтидори саноатии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои стратегии рушд саҳми назаррас гузорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳибкории занон таваҷҷуҳи махсус равона намуданд. Дар ҷумҳурӣ саҳми занон дар рушди соҳибкорӣ пайваста меафзояд ва тибқи маълумот, имрӯз 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Ин рақам на танҳо нишондиҳандаи пешравии гендерӣ мебошад, балки гувоҳи нақши калидии занон дар иқтисоди миллӣ аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ ҳамеша дастгирии занонро дар ҳама зина ва соҳаҳо таъкид намуда, нақши онҳоро дар пешрафти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамоянд.
Сиёсати давлатии ҳамгироӣ, ки ба ташвиқ ва дастгирии фаъолияти иқтисодии занон равона шудааст, барои фароҳам овардани фазои мусоид дар рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Бо татбиқи барномаҳои махсус, аз ҷумла дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок, таълими касбии занони соҳибкор ва ташкили шароити мусоид барои оғози фаъолияти иқтисодӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш мекунад, ки иштироки занонро дар бахшҳои гуногуни иқтисод афзоиш диҳад.
Ин раванд на танҳо ба ташкили ҷойи нави кор ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад, балки барои расидан ба мувозинати гендерӣ ва боз ҳам боло рафтани мавқеи зан дар ҷомеа замина мегузорад. Саҳми занони соҳибкор, ки бо ташаббусҳои инноватсионии худ ба ҷомеа хизмат мекунанд, ҷузъи ҷудонопазири стратегияи рушди мамлакат ба ҳисоб меравад.
Бо амалисозии ин тадбирҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ намунаи муҳими ҳамкории самаранок байни давлат ва бахши хусусиро барои беҳтар намудани иштироки занон дар иқтисод пешниҳод намуд, ки ба рушди фарогир ва устувор мусоидат мекунад.
Таҳлилҳои пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ ба рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ равона шудаанд. Стратегияҳои амалишуда, ки аз рушди инфрасохтор, дастгирии ҳамаҷонибаи бахши хусусӣ то иқтисоди рақамӣ ва дастгирии занонро дар бар мегиранд, заминаи мусоид барои пешрафти ҷумҳурӣ фароҳам меоранд.
Дар маҷмуъ, сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории фаъоли давлат ва бахши хусусӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди рақобатпазир ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, мавқеи худро дар минтақа ва ҷаҳон ҳамчун намунаи муваффақ боз ҳам баланд бардорад.
Убайдулло АСРОРЗОДА,
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»