Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 18.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар Тоҷикистон ба 153,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 22,6 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре 17 январ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 0,2 банди фоизӣ кам мебошад. Соли 2024 нақшаи қисми умумии даромади буҷети давлатӣ иҷро гардида, воридоти маблағҳо ба буҷет 46,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки соли 2024 нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар сатҳи 105,3 фоиз ё 20,4 миллиард сомонӣ ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон 106,8 фоиз ё 9,7 миллиард сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақша мутаносибан 1 миллиарду 18 миллион сомонӣ ва 618 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 9,4 фоиз зиёд аст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






