Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 январ баргузор шуд, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳа, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, таъмини базаҳои моддию техникии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили машғулияти касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва машғулияти кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода мешаванд.
Ҳоло дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 5 филиал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли таъмини сифати таҳсилот эълон гардида, муассисаҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сифати таҳсил саъю талош намоянд.
Дар ҷаласа роҷеъ ба мушкилоту дастовардҳои соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ибрози назар карда шуд. Гуфта шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон дар байни аҳолии ҷумҳурӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронанд. Ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шуда, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкорӣ бо корфармоён бояд тақвият ёбад. Зеро ин нишондиҳандаҳо омили асосии фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ба ҳисоб мераванд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд






