Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид

Январь 13, 2025 14:49

ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 январ баргузор шуд, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа вазъи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва фаъолияти муассисаҳои соҳа, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, таъмини базаҳои моддию техникии муассисаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, бунёду таъмири муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҷдиди назар намудани нақшаҳои таълимӣ, таъмини иштироки хонандагону донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди таваҷҷуҳ ба касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, додани шаҳодатнома ба малакаҳои касбӣ ва ташкили машғулияти касбомӯзӣ ва шуғли пурмаҳсул ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз тавассути муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шаҳрвандони бекор ва бешуғл ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва машғулияти кӯтоҳмуддат фаро гирифта шуда, корҳо дар ин самт боз ҳам тақвият дода мешаванд.

Ҳоло дар назди Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ  ва 5 филиал  фаъолият менамоянд, ки дар онҳо аз рўйи зиёда аз 500 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Фарҳод Раҳимӣ пешниҳод намуд, ки соли 2025 Соли таъмини сифати таҳсилот эълон гардида, муассисаҳо барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои сифати таҳсил саъю талош намоянд.

Дар ҷаласа роҷеъ ба мушкилоту дастовардҳои соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ибрози назар карда шуд. Гуфта шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандон дар байни аҳолии ҷумҳурӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ гузаронанд. Ба сифати тайёр кардани кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шуда, барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо ҳамкорӣ бо корфармоён бояд тақвият ёбад. Зеро ин нишондиҳандаҳо омили асосии фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар ба ҳисоб мераванд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 13, 2025 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад