Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низоми «Express International» фаъол гардонида мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Express International» пайванди ҳамгирокунандаи низомҳои автоматикунонидаи идоракунии мусофиркашонӣ байни маъмурияти роҳи оҳан ва як навъ низоми ёрирасон буда, имкон медиҳад, ки маълумот аз рӯи истгоҳҳо, ҷадвали қатораҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг шуда, маълумоти ҷамъбастӣ аз рӯи бахшҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла омор, таҳлил, ҳисобҳои мутақобили молиявӣ ба даст оварда шавад.
Пайвастшавӣ ба «Express International» ба ҳама низомҳои захиракунии иттилоот имкон медиҳад, ки барои гирифтани маълумот дар бораи қатораи муайян ба кадом роҳи оҳан муроҷиат кунанд, кадом имконоти роҳкиро мавҷуданд ва барои корбар маблағи ниҳоии пардохти роҳкиро чӣ гуна хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи ноябри соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фазои ягонаи иттилоотии ҳамлу нақли байналмилалии мусофиркашонии роҳи оҳан ба имзо расид. Ба он маъмурияти роҳи оҳани Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Гурҷистон ҳамроҳ шуданд.
Рушди фазои ягонаи иттилоотии мусофиркашонӣ ба алоқаи нақлиётии кишварҳои Иттиҳод, рушди иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳон таъсири мусбат мерасонад. Дар амал он самти алоҳидаро барои рушди равандҳои технологӣ дар бахши мусофирбарӣ барои ҳар маъмурияти роҳи оҳан муайян мекунад. Ёддошти тафоҳуми имзошуда барои пайвастани дигар маъмурияти роҳи оҳан, ки дар кори Шурои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод иштирок мекунанд, хизмат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






